Пас аз 70 рӯзи ҷудоии тоқатфарсо, ки мақомоти Русия модари тоҷикро аз фарзандони ноболиғаш дур карда буданд, ахиран онҳо ба дидори ҳам расидаанд.

Садбарг Нуралиева, зодаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ки дар Тоҷикистон барои расидан ба дидори ҷигарбандон лаҳзашуморӣ мекард, 6-уми март дар суҳбат ба «Фараж» гуфт, дар ин муддат ба идораҳои зиёди давлатӣ муроҷиат кардааст, вале ба ӯ кӯмаке карда натавонистаанд.

Ӯ гуфт, аз ҷониби консулии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав танҳо як ваколатнома ёрдам доданду халос.

— Хешону наздиконам дар Русия пул ҷамъ карданду рӯзи 25-уми январ ба фарзандонам ба маблағи 23 ҳазор рубл билети ҳавопаймо гирифта, ба Тоҷикистон фиристоданд, — гуфт хонум Нуралиева.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 17-уми ноябри соли гузашта кормандони гумруки Русия монеи вуруди дуюмбораи Садбарг Нуралиева ба қаламравашон шуда буданд.

Бино ба суҳбате, ки рӯзи 26-уми ноябри соли гузашта Садбарг Нуралиева бо «Фараж» дошт, ӯро, ҳангоме пас аз убури сарҳади Қазоқистон, мехост дубора вориди қаламрави Русия шавад, кормандони гумрук иҷозаи вуруд надоданд. Мақомоти гумрук сабаби надодани иҷозати вурудро доштани ҷарима дар ҳуҷҷатҳояш унвон кардаанд. Ин дар ҳолест, ки Садбарг Нуралиева гуфта буд, ҳама шартҳои будубош дар Русияро бо қатъият риоя кардааст, сари ҳар се моҳ, қабл аз ба итмом расидани муҳлати будубош расмиётро иҷро мекардааст, аз гумруки Қазоқистон мегузаштааст ва аз нав вориди Русия мешудааст.

Номбурда гуфт, то замони «депортатсия»-аш аз соли 2014 дар Русия муҳоҷир буд ва дар шаҳри Екатерингбурги вилояти Свердловск, дар як корхонаи нонпазӣ ба ҳайси фаррош кор мекард. Ӯ модари танҳо буда, саробони писарчаи 3,5 солааш Алиҷон Нуралиев, ки дар Русия таваллуд шудааст ва духтари 16-солааш Мадина Нуралиева мебошад.

Садбарг Нуралиева мегӯяд, дар Тоҷикистон ҷойи муайяни зист надорад ва айни ҳол дар шаҳри Душанбе бо ду фарзанд дар хонаи яке аз хешовандон иқомат дорад.

— Сабаби муҳоҷиратам ҳам ба Русия ҳамин буд. Мехостам кор кунаму ба ватан баргашта, замин гирам, хона бунёд карда, зиндагии фарзандонамро таъмин кунам,- гуфт дар суҳбати телефонӣ бо оҳи сард Сабдарг Нуралиева.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here