Як ҷавони аз шаҳри Ваҳдат ба ёрии ҳамватонон ниёз дорад, то саломатиашро барқарор карда, бародарону хоҳарони аз падар ятиммондаро ба воя расонад.
Сокини ҷамоати деҳоти Ромит, деҳаи Деҳпир Хуҷазода Ҷаннатуллои Бег ҳангоми кор дар саҳро зери кундаи дарахт монда сутунмуҳрааш шикастааст. Модари Ҷаннатулло бо оби дида мегӯяд: “Соли 2004 шавхарам бо бемории ғадуди зери меъда вафот кард. Дар оила ҳафт нафар боқӣ мондем ва таъмини зиндагӣ ба дӯши Ҷаннатулло афтод. Ҷаннатулло аз саҳро бо кашидани ҳезум, хуч, чормағз ва дигар маҳсулоти саҳроӣ рузгорамонро пеш мебурд. Рузе ҳангоми ҳезумғундорӣ дарахте болояш афтод. Пизишкон маълум карданд, ки сутумӯҳраи писарам каҷ шудааст».
Модар мегӯяд барои саломатти фарзандаш чӣ маблағе дошт сарф кардаасту аз бонк, аз одамон қарздор шудаст.
Ташхиси пизишкони Ҳиндустон нишон додаст, ки сутунмуҳра қат шудааст ва ҳафт моҳ мешавад, ки Ҷаннатулло аз аз пои равон маҳрум аст. Барои ҷарроҳии ӯ 12 000$ доллар зарур будааст. Модари ин ҷавон, ки ҳоло тиҳидаст шудааст, ба ёрии ҳамватанони саховатманд умед дорад.
Суратҳисоби бонкӣ
Банк — Амонатбонк» 20218810300009101000 дар шаҳри Душанбе
Шумораи модари Ҷаннаттулло +992901700859.