Тоҷикистониён дар моҳи март 14 рӯзи истироҳатӣ доранд. Мувофиқи қонунгузории кишвар «Дар бораи рӯзҳои истироҳатӣ», агар ҷашнҳои расмӣ ба рӯзҳои истироҳатӣ рост оянд, пас рӯзи ояндаи корӣ низ рӯзи истироҳатӣ эълон карда мешавад.

Ҳамасола дар Тоҷикистон то рӯзи 24 март таҷлили Наврӯз идома меёбад, имсол то 26-уми март рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст, зеро рӯзҳои истироҳатӣ бо рӯзҳои ҷашн рост омадааст. Аз ин рӯ, сокинони кишвар дар моҳи оянда 14 рӯз истироҳат мекунанд: 3, 4, 8, 10, 11, 17, 18, 21, 22, 23, 24, 25, 26 ва 31-уми март. Чӣ тавре расонаҳои хабарӣ иттилоъ додаанд, барномаҳои расмии ҷашни байналмилалии Наврӯз имсол 21-уми март дар шаҳри Панҷакент баргузор мегардад ва дар он Президент Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат хоҳад кард. Чунин барномаҳо 23-0юми март дар шаҳри Бохтар ва 25-уми март дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе низ бо ширкати сардори давлат дар назаранд.

Зарринаи Ғайрат

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here