Муҳлати бақайдгирии довталабон тариқи  Маркази милии тестӣ, ки ҳамасола аз 1-уми март то 15-уми апрел ҷараён мегирифт, то 30-юми апрел дароз карда шуд. Тавре аз дафтари матбуотии ММТ ба faraj.tj иттилоъ доданд, бо сабаби зиёд будани шумораи довталабон ва муроҷиати пайвастаи онҳо барои ҳуҷҷатсупорӣ ба муассисаҳои олӣ, муҳлат тамдид гардидааст.

— Дар ин давра довталабоне, ки аз қайд гузаштаанду хоҳиши иваз кардани ихтисосу кластери худро доранд, метавонанд  дар нуқтаи наздиктарини бақайдгирӣ, бемонеа ин корро анҷом диҳанд,  — гуфтанд аз ММТ.

Тибқи маълумоти оморӣ аз 2-юми март то 11-уми апрел ба гуруҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) 137,1%, ихтисоҳои 4-ум ( ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) 136,1% ва ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) 113,5%-и довталабон ҳуҷҷат супоридаанд. Дар гуруҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) 79,05% ва 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ҳамагӣ 60,64%-и довталабон худро номнавис кардаанд.

Ба қавли мутахассисони ММТ нобаробарии чунин ҳолат дар солҳои гузашта боис ба он шудааст, ки довталабони гуруҳи ихтисосҳои якуму дуюм бо камтарин хол донишҷӯ гардида, довталабони гуруҳи ихтисосҳои чоруму панҷум бо ба даст овардани баландтарин хол ва роҳ ёфтан ба имтиҳони гузариш, натавонистаанд донишҷӯ гарданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here