Маркази миллии тестӣ аз 1-уми марти соли 2020 марҳилаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии муассисаҳои олии  касбӣ оғоз кард, ки то 15-уми апрел идома мекунад.

Барои аз қайд гузаштани хоҳишмандон дар 33 шаҳру ноҳияи кишвар 38 нуқтаи доимамалкунандаи бақайдгирӣ ташкил шуда, дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис шудааст.

Котиби дафтари матбуотии ММТ Замира Абдусаломова ба Faraj.tj гуфт, ки падару модарон ҳангоми бақайдгирӣ бояд аз интихобҳои фарзандонашон ва моҳияти онҳо, бахусус, аз рӯйхати ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил маълумоти кофӣ дошта бошанд, зеро интихоби дурусти довталаб дар зиндагии ояндаи ӯ нақши муҳим дорад.

— Дар вақти бақайдгирӣ ва дохилшавии довталабон, эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразнок, ваъдаҳои авомфиребонаю бардурӯғ аз ҷониби қаллобон, дар масъалаи дохилкунии довталабон ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ вуҷуд дорад, — баён кард Замира Абдусаломова.

Ба таъкиди ӯ довталабон ва волидайни онҳоро зарур аст, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошанд то ба доми фиреби чунин қаллобон наафтанд. Довталабон ҳангоми имтиҳонсупорӣ танҳо ба донишу саводи худ такя  кунанд.

Арзиши хизматрасонӣ барои довталабоне, ки бо мақсади иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз қайд гузаштан мехоҳанд, 210 сомонӣ муқаррар гардидааст. Нафарони нимятим ва дорои маъюбияти гурӯҳҳои якуму дуюм аз пардохти 50 фисади пардохти маблағ озоданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here