Имрӯз Маркази миллии тестӣ барои довталабоне, ки ба тақсимот роҳ ёфта, дар даври минбаъда натавонистанд холҳои заруриро ба даст оранд, озмуни навбатии қабулро оғоз кард. Акнун довталабон метавонанд, бидуни супоридани имтиҳон бо дарназардошти имтиҳонҳои супоридаи аввалаи худ, аз нав рӯйхати ихтисосҳои холиро интихоб карда, имконияти дубора ба донишгоҳ  дохил шуданро ба даст оранд.

Тибқи иттилои котиботи Маркази милии тестӣ барӯйхатгирии довталабон аз 11-ум то 13-уми август давом карда, довталабон метавонанд, аз субҳ то бегоҳ дар чор муассисаи таълимии пойтахт номгӯйи ихтисоҳои худро интихоб кунанд. Ба иттилои манбаъ, довталабон ин навбат метавонанд, ҳатто ихтисосҳои аввалаи худро иваз кунанд.

Тавре аз ММТ ба Faraj.tj хабар доданд, қисми зиёди донишҷӯёне, ки натавонистанд холҳои заруриро бадаст оварда донишҷӯ шаванд, довталабони ихтисосҳои гурӯҳи панҷум (тиб ва варзиш) ва ихтисосҳои гурӯҳи чорум (ҳуқуқшиносӣ) буданд. Аз ҳама камтар донишҷӯён ба ихтисосҳои табиӣ ва риёзӣ ҳуҷҷат супоридаанд. Ин боис ба он гардидааст, ки дар ихтисосҳои гуруҳи як нақшаи қабул ба пуррагӣ иҷро нагашта, довталабони ихтисосҳои гурӯҳи 5-ум аз меъёр зиёд шаванд.

Ин нобарорбарии интихоби донишҷӯён дар ҳоле ҳаст, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ солҳои 2020-2042-ро солҳои рушди фанҳои табиву риёзӣ эълон карда буд.

Дар Тоҷикистон аз ҳама касбе, ки ҷавонон ба он таваҷҷуҳи бештар доранд, пешаҳои ҳуқуқшиносу табиб ва иқтисодчӣ буда, кам нафароне пайдо мешаванд то ба соҳаи техника дилбастагӣ дошта бошанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here