Мишел Платинӣ, ки дирӯз бо ҷурми коррупсия боздошт шуда буд, пас аз чанде озод шудааст.

Ҷониби Платинӣ, махсусан вакили ӯ дар қазияи баррасии фасодкорӣ дар футбол Уилям Бурдон, гуфтанд, ки Мишел боздошт нашудааст, балки ҳамчун шоҳид барои додани маълумот ба полис даъват шудааст. Ӯ гуфтааст, ки Платинӣ ором аст ва ба ҳамаи саволҳои полис, аз ҷумла, дар бораи Евро-2016, оромона ҷавоб мегӯяд.

Гуфта мешавад, ки ин фаронсавии 63-сола дар парвандаи фасодкорӣ дар интихоби макони баргузории Чемпионати ҷаҳонии футбол-2022 ҳамчун «гумонбари озод» ширкат мекунад.

Добавить комментарий