Собиқ президенти Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо (UEFA) Мишел Платинӣ рӯзи сешанбе бо гумони фасодкорӣ боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ки ӯ дар замони интихоби макони баргузории чемпионати ҷаҳонии футбол дар соли 2022 ба фасод роҳ додааст.

Моҳи декабри соли 2010 Қатар макони баргузории чемпионати ҷаҳонии футбол дар соли 2022 интихоб шуд. Баъдтар як қатор аз мақомдорҳои олами футбол намояндагони Қатарро дар харидани овозҳо бар нафъи ин кишвар айбдор карданд, аммо таҳқиқоти Федератсияи байналхалқии футбол (FIFA) далелҳои харида шудани овозҳоро тасдиқ накард.

Пеш аз ин расонаҳои британӣ ба фасодкорӣ роҳ додан дар интихоби макони баргузории чемпионатҳои солҳои 2018 ва 2022 айб эълон карда буданд. Гуфта мешуд, ки Платинӣ аз кумитаи тадорукоти «Русия-2018» наққошии Пикассоро ба ҳадия гирифтааст, то аз ин кишвар ба унвони мизбони бозиҳо ҷонибдорӣ кунад. Дар он ҳангом журналистон ягон далели маҳкаме барои исботи коррупсия дар ин кор пешниҳод накарданд, аммо дар шарҳи ин айбнома гуфта мешуд, ки бо чӣ роҳе мақомдорони олами футбол «харида шуданд».

Мишел Платинии фаронсавӣ соли 2007 президенти UEFA шуд ва то соли 2015 дар ин вазифа буд. 8-уми октябри соли 2015 FIFA ӯро ба муддати 90 рӯз аз фаъолият дар футбол барканор кард. Платинӣ 14-уми сентябри соли 2016 аз мансаби президенти UEFA рафт ва барои 8 сол аз фаъолият дар футбол барканор карда шуд. Сабаби барканории ӯ интиқоли 2 миллион франки швейсарӣ ба ҳисоби ӯ аз маблағҳои FIFA дар соли 2011 гуфта мешуд.

Дар идома, кумитаи таҷдиди назари FIFA маҳрумияти ӯро аз футбол ба муддати то 6 сол ихтисор кард, Суди арбитражи варзишӣ онро то ба 4 сол кам кард, аммо фаронсавӣ натавонист, худро сафед кунад. Моҳи июли соли 2017 Суди федералии Швейсария аризаи таҷдиди назари Платиниро, ки маҳрумияташ моҳи октябри соли 2019 ба охир мерасад, қонеъ накард.

Ҳоло Платинӣ дар боздоштгоҳи Идораи зиддикоррупсияи Полиси ҷиноии Фаронса қарор дорад. Ҳамроҳ бо ӯ Софи Дион, собиқ мушовири президенти пешини Фаронса Никола Саркозӣ, низ боздошт шудааст. Котиби генералии дастгоҳи иҷроияи собиқ президент Клод Геан низ бозпурсӣ шудааст, аммо боздошт нашудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here