Ширкатҳои саноатӣ, хоҷагиҳои пахтакор, хоҷагиҳои оби минтақа, хоҷагиҳои коммуналӣ ва аҳолӣ аз ҶСК «Шабакаҳои барқи Ҷануб» 246 миллиону 243 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.
Муовини сардори ҶСК «Шабакаҳои барқи Ҷануб» Раҷабалӣ Бояков имрӯз, 28-уми июл, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки аз ин қарз 107,8 миллионаш аз хоҷагиҳои пахтакор, 66,7 миллион аз аҳолӣ, 39 миллион аз хоҷагиҳои оби минтақа, 7,5 миллион сомонӣ қарзи ширкатҳои саноатӣ ва 3,8 миллион сомонӣ қарзи хоҷагиҳои коммуналӣ аст.
— Дар ин давра барои пешгирии вайронкунанлаҳои қоидаҳои истифодаи барқ 3 ҳазору 389 санҷиш гузаронида шуда, нисбат ба афроди вайронкунандаи қоидаҳои истифодаи барқ ва истифодакунандагони ғайриқонунии он ба маблағи беш аз 4 миллиону 569 ҳазор сомонӣ санад тартиб дода шудаст, — гуфт Бояков.
Дар нишаст зикр карда шуд, ки аз ин маблағ 3 миллиону 769 ҳазору 810 сомониаш аз сокинон ба суратҳисоби корхона ворид карда шудааст.