Баъд аз ба истиқлол расидани Тоҷикистон осории насрие, ки дар хориҷи  кишвар бештар мавриди интишор қарор гирифт, ба адиб, синамогар, пажӯҳишгар ва дорандаи ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ Шераки Ориён тааллуқ доранд.

Шераки Ориён яке аз нависандаҳои беҳтарин тоҷик мебошад, ки осори ӯ ба чил забони хориҷӣ тарҷума шудааст. Ӯ муаллифи 100  китоби нашршуда, 84-то  бо забони  тоҷикӣ-форсӣ ва 11-то бо забони русию 3-то  бо забони англисӣ ва ҳамчунин 2-тои дигар бо забони узбекӣ мебошад.

Мақсад аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки ҳамакнун китоби тозанашри эшон, ки асари таҳлилӣ, пажӯҳишӣ, илмӣ, психологӣ  ва тафаккурӣ  мебошад,  бо номи  “Миллате мезист дар рӯи замин” дар матбааи ҶДММ “Ашуриён” аз чоп баромад. Ин китоб аз дебоча, 25 бахш, ки мавзӯъҳои ҷолибу ногуфтаро ба монанди  “Оё як сиру асрори ниҳонии тоҷикинора, яъне тилисми ин миллатро медонем?”, “Баъзе хислатҳои ин қавм, ки аз боиси сакргузашти пурбалояш сар зада“, “Хатарҳои навини ҷаҳонишавӣ дар кишвар”,  “Сатрҳо ё сардҳо ё девори Бухоро” ва дигарҳоро  дар бар мегиранд,  иборат аст.

Ин китоб ба муроди пурра кардани ақоиди ҳамдигар, афзудани рангҳои зиндагӣ ва фузудани маъниҳои  ҳастӣ офарида шудааст., баробари ин ҳар як хонандаашро вомедорад дақиқан ба меҳандорӣ рӯй биоварад, зеро Ватан ин каъбаи имон аст…

“Агар ман ба ту монанд нестам ва ту ба ман  монанд нестӣ, ин маъно надорад, ки  мо душмани ҳамдигар бошем. Агар ман ба ту монанд нестам ва  ту ба ман монанд не, ин маъно дорад, ки мо якдигарро пурра ва комил месозем…

Агар ақоиди мо аз ягон ҷиҳат аз якдигар фарқ бикунад, аз ин бар намеояд, ки мо рақиби якдигар бошем. Зеро ҷаҳони афкори маро ту пурра бикуниву ҷаҳони афкори туро ман…”

Умедворем, ки хонанди пурдарку бомаърифат маънии ин гуфтаҳоро, ки дар муқоваи китоб омаданд, аз мутолиааш дармеёбад.

Шаҳрияи Мадгиё

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here