Китоби нави Шераки Ориён бо номи “Миллате мезист дар рӯи замин” рӯи чоп омад. Мавзуҳои дарбаргирифтаи китоб асарҳои таҳлилӣ, пажуҳишӣ, илмӣ, психологӣ, эҷодиву бадеӣ ва тафаккурӣ мебошанд.

Китоби мазкур доир ба таърихи мардуми тоҷику форс буда, оид ба роҳи тайшудаи миллат ва ба ин пояҳо омадани он дар тӯли асрҳои аср бозгӯӣ мекунад. “Китобе, ки ҳоло рӯи даст доред, ба муроди пурра кардани ақоиди ҳамдигар, фузудани рангҳои зиндагӣ ва фузудани маъниҳои ҳастӣ офарида шудааст. Баробари ин, ҳангоми хондан хонандаро вомедорад, ки дақиқан ба меҳандорӣ рӯй биоварем, зеро Ватан ин Каъбаи имон мебошад…”, — аз ҷумла омадааст дар оғози китоб.

Муаллиф дар китоби хеш қиссаҳоеро ҷой додааст, ки калонҳаҷм набуда, хонданибоб ҳастанд.

Дар охири ин китоб муҳаққиқи маскавӣ А. Фарҳод дар бораи мавзуъ ва рафти навишти китоб фикри хешро баён кардааст. Ӯ гуфтааст, “ин китобест пур аз ҳисси ватанхоҳӣ, меҳнатпарсатӣ, аз ин боис бо достони “Ватан” шуруъ шуда ва бо достони “Ватан” ба поён меояд. Аз мутоилаи он дармеёбӣ ва шукр мекунӣ, чунин асар ҳаст, навишта шуда, то уфуқҳои фаҳмиш ва тамизи моро паҳнотар ва бештар гардонида тавонад!…”.

Муаллифи ин асар дорандаи ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ аст. Ӯ бо тахаллусҳои Шераки Ориён, Дарвеши Бохтарӣ, Рофеъ Рабеъ, Абдурофеъ Рабеъзод эҷод мекунад.

Гулрӯ Суҳробзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here