Пизишкони Бемористони марказии шаҳри Исфара гуфтаанд, ки милисаи ба сараш тир зада толеъбаланд будааст, зеро ба ҳуш омадааст.

Гуфта мешавад, ки бемор ба ҳолати муқаррарӣ баргаштааст ва аллакай ба саволҳо, пурра набошад ҳам, ҷавоб медиҳад, 50-70 дарсад нутқи худро назорат кардан метавонад.

Яке аз пизишкон ба АИ “АП” гуфтааст, ки беморро бо воситаи дастгоҳи махсус ғизо додаанд. “Дар ҳоли ҳозир вазъияти ӯ якмароми вазнин аст. Мо ҳар коре, ки аз дастамон меомад, барои наҷоти ӯ кардем. Вақте ӯ ба худ тир задааст, тир аз қисмати пеши сар ба пешгоҳи ҳалқ гузашта ба чанбари гардан расидааст. Чӣ кор кардани мо аз вазъи ояндаи бемор вобаста аст” – гуфтааст пизишк ва илова кардааст, ки тир ҳанӯз дар устухони охурак қарор дорад.

Корманди 24-солаи шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ШВКД Исфара-1 Саъдӣ Соҳибзода баъди дар дафтари кориаш ба худ тир задан ба бемористон интиқол дода шуда буд. Ин воқеа 20-уми январ рух дода буд. Чӣ милисаро ба анҷоми ин кор водор кардааст, то ҳол маълум нест. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here