Кормандони милитсия ҳамкасби қалбакии худро бо гумони тамаъҷӯи дастгир карданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.

Марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, худро корманди милитсия муаррифӣ намуда, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз шаҳрвандон маблағ ситонидааст.

Аз он ҷумла, санаи 5-уми сентябри соли 2017, дар назди хонаи истиқоматиаш зани 40-солаи сокини пойтахтро дастгир намуда, худашро корманди милитсия муаррифӣ намудааст. Баъдан, ӯ бо роҳи таҳдид, яъне барои паст назадани шаъну шарафи зани номбурда, ки гӯё ӯ манзили истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил додааст, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ 700 сомонӣ гирифтааст.

Гумонбаршуда бо ҳамин роҳ аз зани 23-солаи сокини дигари пойтахт 800 сомонӣ гирифтааст. Ҳамин тариқ номбурда аз зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе низ 1000 сомонӣ талаб ситонидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here