Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо як эълон аз шаҳрвандони кишвар хост, ки барои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва дигар ҳаракатҳои ғайриқонуни кормандони ин ниҳод бо ин вазорат ҳамкорӣ кунанд.

Дар эълони ВКД омадааст, ҳангоми ба кирдорҳои коррупсионӣ ё дигар ҳаракатҳои ғайриқонунӣ даст задани кормандони милитсия шаҳрвандон метавонанд ба воситаи «Телефони боварӣ»-и вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ва «Хабарнигори фаврӣ»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо рақами телефони мобилии + 992 939 222 111 тариқи шабакаҳои иҷтимоии Вибер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams), Вичат (WeChat) занг зада, ҳолатҳои мазкурро пешгирӣ намоянд.

Махфият кафолат дода мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here