Дастури вазири корҳои дохилӣ дар бораи театр рафтани кормандони ин ниҳод амалӣ мешавад. Ҳафтаи сипаригардида дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ драмаи иҷтимоӣ дар мавзӯи доғи рӯз бо услуби «Тамошо андар тамошо» ба намоиш гузошта шуд.
Намоиш аз рӯи асари драматурги тоҷик Ҷумъа Қуддус пешкаши кормандони Вазорати корҳои дохилӣ гардонида шудааст. Гуфта мешавад, ки намоиш ба «Соли ҷавонон» бахшида шуда буд. Дар саҳна, порагириву ришваситониро, ки ҷомеаи моро низ ба ташвиш овардааст, ба намоиш гузошта шуд. Драма характери иҷтимоӣ дошта, бо номи «Кавсан» ба тамошобинон пешниҳод гардид. Дар он ҳунармандони ҷавон маҳорати худро нишон дода, аз замони Пётри I ва шоҳ Комбиз дар қиёс ба имрӯзи ҷомеа мисолҳо оварданд, ки чӣ гуна бо порагирӣ ва ришваситонӣ мубориза бурда мешуд.