Як корманди милитсия бо сабаби то ҳол номаълум ба сари худ тир задааст, аммо зинда мондааст ва айни ҳол дар ҳуҷраи эҳёи бемористон қарор дорад.

Корманди милитсияи Исфара дар бинои кориаш ба сари худ тир кушодааст. Ин ҳодиса 20-уми январ рух додааст, менависад ИА «АП» дар такя ба сарчашмаи худ аз мақомоти қудратӣ.

Корманди шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноии ШВКД-1-и шаҳри Исфара дар дафтари кори худ ба сари худ тирр кушодааст. Ӯ 30-сола буда, аз тир осеб дидааст ва айни ҳол бо ваъзи вахим дар шуъбаи эҳёи бемористон қарор доштааст.

Сабабҳои ба чунин амал даст задани корманди милитсияи Исфара рӯшан нест. Қазия аз ҷониби мақомоти дахлдор тафтиш мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here