Прокуратураи генералии Украина сиёсатмадори гурҷӣ Михаил Саакашвилиро дар «ҳамдастӣ бо ширкаткунандагони созмонҳои ҷиноӣ» гумонбар дониста, боздошт кардааст.

Дар ҳуҷраи собиқ президенти Гурҷистон ва губернатори вилояти Одесса субҳи имрӯз кофтукоб анҷом шудааст. Ин корро намояндагони прокуратураи генералӣ дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи махсуси «Алфа» ва полис анҷом додаанд. Худи Саакашвилӣ аз дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ раҳо шуда, ба боми хона баромадааст ва таҳдид кардааст, ки худашро ба поён меандозад. Ба зудӣ ӯро боздошт кардаанд ва бо автомобил хостаанд, ки баранд, аммо ҷонибдоронаш роҳро дар маркази Киев банд кардаанд. Полис бар зидди онҳо гази ашковар истифода кардааст.

Ба гуфтаи вакили Сакаашвилӣ сиёсатмадори гурҷӣ ба ҷурми «ширкат дар сарнагун кардани низоми давлатӣ» айбдор карда мешаад. Хадамоти амнияти Украина (СБУ) эълон кардааст, ки Саакашвилӣ бо иттиҳоми «ҳамдастӣ бо ширкаткунандагони созмонҳои ҷиноӣ ва рӯйпӯш кардани ҷиноятҳои онҳо» боздошт шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here