Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар дастгоҳи раиси шаҳр ва дигар бахшҳои шаҳраку деҳоти ин минтақа озмун эълон кардааст.

Барои ишғолкунандагони мансабҳои дараҷаи аввал доштани маълумоти олӣ ва собиқаи кориву малкаи хуби муошират ҳатмӣ будааст. Дар дигар бахшҳо доштани маълумоти миёнаи касбӣ басанда будааст.

Шаҳри Ҳисор ба чунин ихтисосмандон ниёз доштааст:

Сармутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор, сармутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва савдои шаҳри Ҳисор, мутахассиси пешбар шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Ҳисор, мутахассис бахши бойгонии шаҳри Ҳисор, нозири мизи ҳарбии бақайдгирии ҷамоати деҳоти Ҳисор, сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и ҷамоати деҳоти Дурбат, мутахассиси пешбар (ҳисобчӣ-андозғундор)-и ҷамоати деҳоти Дурбат, нозири мизи ҳарбии бақайдгирии ҷамоати деҳоти Дурбат, сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и ҷамоати деҳоти Сомон, сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Сомон, нозири мизи ҳарбии бақайдгирии ҷамоати деҳоти Алмосӣ, сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и ҷамоати деҳоти Навобод, нозири мизи ҳарбии бақайдгирии ҷамоати деҳоти Навобод, сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, нозири мизи ҳарбии бақайдгирии ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и ҷамоати деҳоти Ориён, сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Ориён, сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода. Озмун 8-уми ноябри соли 2018 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор гузаронида мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here