Як хонандаи синфи 9-уми МТМУ рақами 93, сокини кӯчаи Испечак-2, М-13-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бар асари садамаи нақлиётӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳодиса шаби 21-ум ба 22-юми декабр, тахминан соати 22:35 дақиқа дар рӯ ба рӯи “Боғи ҳайвонот” рух додааст.

ВКД сабаби марги ноболиғи 15-сола Шарифов Аслиддин Зиёратшоевичро аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронандаи 20-солаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Леганза”, сокини шаҳри Душанбе Файзуллоев Шоҳобиддин Нуралиевич, ки аз самти хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Варзишгарон ҳаракат доштааст, маънидод мекунад. Аммо гуфта нашудааст, ки ронанда пиёдагардро дар роҳи пиёдагузар пахш кардааст ё ғайри он.

Яке аз хешовандони марҳум, ки аз ҳамсолонаш ҳам ҳаст, дар суҳбат гуфт, Аслиддин ҳамроҳ бо дӯсташ мехостааст ба тамошои Парчам раванд, аммо ҳангоми гузаштан аз роҳ ӯро мошин пахш кардааст.

Ҷасади Аслиддин Шарифовро соати 11-и рӯзи 22-юми декабр дар оромгоҳи маҳаллаи Испечак ба хок супурданд. Дар маросими видоъ дӯстон, ҳамсинфон ва муаллимони марҳум иштирок доштанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here