Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд толори нави фирмавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” кушода шуд. Акнун сокинони ноҳия имкон доранд, ки бо роҳи ниҳоят осон хизматрасониҳоро бе восита дар назди оператор пайваст кунанд, дастгоҳҳои мобилиро харидорӣ намоянд ва доир ба тарофаҳо ва опсияҳои нав “аз дасти якум” маълумот бигиранд.

Толор дар буриши хатсайрҳо, дар назди истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ ҷойгир шудааст. Боздид аз он барои сокинони бисёр ҷамоатҳо ва маркази маъмурии ноҳия хеле осону мувофиқ аст. Чун дигар идораҳои “МегаФон Тоҷикистон” толори нави Деваштия ба мизоҷон доираи пурраи хизматрасониҳо – аз пайвасткунӣ ба шабакаи оператор то машваратҳо доир ба ҳамаи масъалаҳои алоқаи мобилиро пешниҳод менамояд. Ба ғайр аз ин, дар ин ҷой дастгоҳҳои гуногуни мобилӣ, аз ҷумла, дастгоҳҳои таҳти бренди худи “МегаФон Тоҷикистон” истеҳсолшаванда, пешниҳод карда шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here