Ширкати мобилии MegaFon, ки аз сӯи соҳибкори ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов идора мешавад, бо Ширкати миллии мобилии «Uzmobile»-и Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ баст. Дар асоси ин ҳуҷҷат MegaFon паёмаки савтӣ, СМС ва интернет-роуминги «Uzmobile»-ро таъмин мекунад.
«Ин ба муштариҳои ҳар ду ширкат имкон медиҳад, ки сарфакорӣ кунанд. Ин хизматрасонӣ — дастрасӣ ба муколамаи арзон — на танҳо дар Ӯзбекистон, балки берун аз он ҳам амалӣ мешавад», — хабар медиҳад ширкати ӯзбекӣ.
Ширкати миллии «Uzmobile» 15 апрели соли 2015 дар шаҳри Тошканд ва минтақаи наздик ба пойтахт шабакаи GSM роҳандозӣ кард.
Дар як муддати кутоҳ ба муштариҳои шаҳр ва вилояти Тошканд тарофаҳои гуногун ва бастаҳои муфиди хизматрасонии интернет пешниҳод шуд. Охири соли 2015 Uzmobile GSM тавонист, ҳамаи марказҳои вилоятҳоро фаро бигирад. Бо ин вуҷуд ширкат тасмим дорад, то охири соли оянда интренти 4G-ро дар саросари Ӯзбекистон роҳандозӣ кунад.