Дар шаҳри Аради кишвари Руминия чемпионати кушоди байналмилалии ҷудои Аврупо миёни ҷавонони то 21-сола баргузор шуд, ки дар он варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 66 кг ғолиб омад ва медали тилло ба даст овард.

Сомон Маҳмадбеков дар дар вазни -66 кг аз даври аввал озод буд. Дар набард бо варзишгарони Украина Константин Ноткин ва Германия Александр Габлер  ғолиб омада, дар даври нимфинал Каро Марандиянро аз Украина шикаст дод. Ин паҳлавони ҷавони Тоҷикистон дар қувваозмоии ниҳоӣ бар варзишгари дигари Украина Олег Овчаренко  пирӯз шуда, соҳиби медали тилло гардид.

Дар ин мусобиқа 248 варзишгар (156 ҷавон ва 92 духтар) аз 33 кишвари дунё иштирок доштанд. Тоҷикистонро танҳо як нафар – Сомон Маҳмадбеков – намояндагӣ кард, ки ба комёбии бузург ноил гардид.

Зимнан,  Сомон Маҳмадбеков дар чемпионати байналмилалии Ҷоми  Африқо   миёни наврасон, ки  22-23-юми апрели ҳамин сол дар Тунис баргузор шуд,  низ медали тилло ба даст оварда буд. Ӯ дар вазни -66 кг бар ҳарифонаш аз Алҷазоир, Беларус ва Тунис ғалаба кард.

Сомон Маҳмадбеков варзишгари тоҷики муқими Русия феълан дар шаҳри Иркутск таҳти роҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин менамояд. Ӯ дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро  намояндагӣ мекунад. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here