Дар шаҳри Ришон Лезиони кишвари Исроил мусобиқаи байналмилалии самбо миёни наврасон баргузор гардид, ки дар он Тоҷикистонро як нафар намояндагӣ кард ва медали тилло ба даст овард.

Варзишгари тоҷик Разавӣ Навбаҳоров дар мусобиқаи байналмилалии самбо миёни наврасон ба хотираи Алекс Неруш сазовори медали тилло шуд. Дар мусобиқа беш аз 200 варзишгари ҳудуди 20 давлати дунё иштирок карданд. Ягона намояндаи Тоҷикистон Разавӣ Навбаҳоров дар вазни 68 кг бар рақибонаш аз Латвия, Исроил ва Олмон дастболо шуда, медали тиллоро ба гардан овехт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here