Имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар фаъолони ҷомеа раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазодаро бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз кард.

Заҳматҳои ин раиси ҷавон аз чашми давлату ҳукумат дур намонд ва кору фаъолияти ӯ бо ин ҷоиза қадрдонӣ шуд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва аҳли қалами ҳафтаномаи “Фараж” раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазодаро барои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Хизмати шоиста» қадршиносӣ гардидан, табрику таҳният гуфта, дар роҳи пиёдасозии сиёсати Пешвои миллат ва расидан ба олитарин ҳадафу ормонҳои давлатдорӣ барояшон нусрату комёбӣ ва барору кушоиш таманно доранд. Шумо арзандаед!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here