Ҷудокорони ҷавони тоҷик дар Ҷоми кушоди Аврупо, ки 16-17 феврал дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, ширкат карданд ва яке аз онҳо сазовори медали биринҷӣ шуд.

Дар мусобиқаи мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 12 нафар  -Сиёвуш Солиҳов, Давлаталӣ Назаралиев, Муҳаммадризо Қувватов (ҳар се дар вазни -60кг), Манучеҳр Раҷабов, Одина Муҳаббатов, Ҷамолиддин Абдуллоев (ҳар се дар вазни -66кг), Иброҳим Саидакбаров, Қурбоналӣ Бозоров (ҳар ду дар вазни -73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Фаридун Холиқзода, Хушвақт Идиев (ҳар се дар вазни -81кг), Эмомризо Анварзода (-100кг) – иштирок карданд.

Медали биринҷиро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Муҳаммадризо Қувватов дар вазни -60кг сазовор гардид. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81кг ҷои панҷумро ишғол кард.

Дар ин мусобиқа се варзишгари тоҷик, ки дар Русия умр ба сар мебаранд ва дар Ҷоми Аврупо ин кишварро намояндагӣ карданд, се медал ба даст оварданд. Маҳмадбек Маҳмадбеков дар вазни зери 73 кг, Мирзо Шукориев дар вазни зери 81 кг бо медалҳои тилло ва Муллораҷаб Халифаев дар вазни -66 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар Ҷоми кушоди Аврупо миёни ҷавонон дар Санкт-Петербурги Русия 242 варзишгар (154 мард, 88 зан) аз 14 давлат иштирок карданд. Дар ҳисоби даставӣ Русия бо 10 медали тилло, 9 нуқра, 22 биринҷӣ ҷои аввалро сазовор шуд. Нидерланд бо 3 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ ҷои дуюм, Италия бо 1 медали тилло ҷои сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо 1 медали биринҷӣ дар ҷои 8-ум мавқеъ гирифт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here