Паҳлавони шинохтаи тоҷик, чемпиони ҷаҳон дар намуди самбо Беҳрӯз Хоҷазода дар рӯзи дуюми ҷудои байналмилалии Тоскулоҳи Бузург дар Екатеринбурги Русия сазовори медали биринҷӣ гардид.

Беҳрӯз дар қувваозмоиҳои вазни -73кг бар варзишгарони Олмон (Роберт Бервиг), Юнон (Ҷорҷиос Маркариан) ғалаба карда, дар даври сеюм аз варзишгари Шведсия Томми Макиас, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд. Беҳрӯз Хоҷазода дар идома бар Виктор Стерпу аз Молдова ва Эдуардо Барбоса аз Бразил дастболо шуда, ҷои сеюмро ишғол кард.

Воқеан медали биринҷии Беҳрӯз аввалин медали ҷудокорони тоҷик дар мусобиқоти Тоскулоҳи Бузург ва аввалин медали ӯ дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо мебошад.

Паҳлавони дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73 пас аз як ғалаба бар Ҳамсат Исоев аз Олмон дар даври дуюм аз Фабио Басилеи итолиёӣ, ки медали нуқраро сазовор шуд, шикаст хурд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа 3 варзишгари мо – Далер Қурбонҷонов ва Комрон Мамадназаров дар вазни -60кг миёни мардҳо ва Шоҳида Қаландарова дар вазни -57кг миёни бонувон дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд. Дар рӯзҳои баъдӣ Саидҷалол Саидов дар вазни -100кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100кг низ ноком шуданд.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар сеюм мусобиқаи Гранд Слам, ки соли 2019 баргузор мешавад, 353 варзишгар (202 мард, 151 зан) аз 47 давлати дунё иштирок доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here