Аз вебгоҳи faraj.tj хабари ба садама дучор шудани варзишгари машҳури тоҷик, муштзани чемпиони чаҳон Мавзуна Чориеваро хондам. Худи Мавзуна дар суҳбати телефонӣ бо хабарнигори ҳафтаномаи “Оила” гуфтааст, ки дар ҳақиқат ҳамроҳи хонаводаи хоҳараш ба садама дучор шудааст. Ҳолаш хуб аст, танҳо каме дасташ осеб дидааст.

Ин хабар моро хеле сахт мушавваш сохт, зеро Мавзуна Чориева, аввалин муштзани тоҷик, ки моро дар ҷаҳон муаррифӣ кард, ифтихори мо, кулли варзишгарони тоҷик аст.  Ба садама дучор шудани Мавзуна Чориеваро шунида хеле худро нороҳат ҳис кардам.

Азбаски дар сафари хидматӣ будам, бо Мавзуна телефонӣ сӯҳбат доштам. Дар сӯҳбат бори дигар такрор кард, ки ҳолаш хуб аст, ҷароҳати вазнине набардоштааст.

Бо вуҷуди он ки Мавзуна назди мушкилиҳо сар намефарорад, барояш аз номи  Федератсияи каратэ-киёкушинкайи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун варзишгар аз номи варзишгарони тоҷик шифои комил мехоҳем.

Муваффақият ёрат бод, ифтихори миллати тоҷик!

Ҳусейнзода Нусратшоҳ,

варзишгар, муовини президенти Федератсияи каратэ-киёкушинкайи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here