Дар хабар аст, ки бонуи варзишгар, муштзани маъруфи тоҷик, барандаи медали биринҷии Олипиадаи Лондон-2012, Чемпионати ҷаҳон-2012 ва Чемпионати Оисё-2015 Мавзуна Чориева ба садамаи автомобилӣ дучор шудааст.

Шореҳи шабакаи телевизиони «Варзиш»-и Тоҷикистон Лутфуллои Азиз дар як нашри фейсбукӣ аз ин садама хабар дод ва навишт, ки ҳоли Мавзуна Чориева баъд аз садама хуб аст.

Мавзуна Чориева (тав. 1 октябри соли 1992; Кӯлоб, Тоҷикистон) — варзишгардухтар ва муштзани тоҷик, медаловари Бозиҳои олимпии Лондон 2012 ва Чемпионати ҷаҳон буда, Устоди дараҷаи байналмилалӣ аст.

Мавзуна Чориева 1 октябри соли 1992 оилаи одие дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Падараш паҳлавон буд ва мехост фарзандонаш низ пайрави ӯ шаванд. Дар ибтидо як сол ӯро падараш дарси гуштӣ дод, аммо Мавзуна ба бокс ё муштзанӣ таваҷҷӯҳу шавқ дошт. Вай аз ҳафтсолагӣ машқи муштзанӣ гирифт. Соли 2014 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм кардааст. Айни ҳол ӯ дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар шуъбаи варзиш ва кор бо барномаҳои олимпӣ фаъолият мекунад.

Добавить комментарий