Дар Ӯзбекистон дастикам 627 килограм маводи нашъовар аз роҳи оташзанӣ нобуд карда шуд. Гуфта мешавад, ин миқдори маводи мухаддир дар ҷараёни  муборизаи якмоҳа, ки ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пиёда кардаанд? мусодира шудааст.

Аз ин миқдор маводи мухаддир беш аз 4 килоро ҳероин, 127 килоро афюн, 25,5 килоро нашъа, 266 килоро марихуана, 105,5 килоро хокаи кӯкнор, 97 килоро каннабис, 1 килову 543 грамро маводи мухаддири синтетикӣ, ҳамчунин хабу маҳлулҳои гуногуни таъсирбахши равонӣ ташкил медиҳанд.

Мувофиқи таҷриба дар Ӯзбекистон баъди эълони ҳукми додгоҳ маводи мухаддире, ки ба ҳайси далели шайъӣ мусодира шудаанд, бо иштироки намояндагони ниҳодҳои босалоҳият, созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ ва воситаҳои ахбори омма ба роҳи оташ задан нобуд карда мешаванд.

Тавре сухангӯи Хадамоти амнияти Ӯзбекистон Маҳлиё Валиқулова мегӯяд, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз мушкилоти умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, маводи мухаддире, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид мегардад, дар Афғонистон тавлид мешавад.

Ин мавод ҳамчун моли кочоқ аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Ӯзбекистон ва аз ин ҷо ҳамчун моли қочоқ ба соири кишварҳои дигар интиқол меёбад.

Маҳлиё Валиқулова мегӯяд, соли сипаришуда аз тарафи кормандони Хадамоти амнияти Ӯзбекистон 330 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир ошкор ва 377 кило маводи нашъовар мусодира карда шудааст.

Вай меафзояд, ки ҳамчунин аз гардиши ғайриқонунии 336 ҳазор ҳабби “Трамадол” ва бештар аз 40 ҳазор доруҳои таъсирбахши равонӣ, ки бояд ба дастаи мӯътодони мерасид, ҷилавгирӣ карда шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here