20-уми октябр бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ оид ба ҳаёт ва фалсафаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҳти унвони “Мавлавихонӣ ва само” баргузор мегардад.

Дар ҳамоиш, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ, сафири Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифат Коксал ва насли 22-юми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Байру Айше Эсин суханронӣ хоҳанд кард.

Ҳамоиш дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соати 9:00 то 12:00 баргузор мегардад ва иштирок дар он озод аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here