Мувофиқи маълумоти «Интерфакс» дар Маскав — пойтахти Русия фавти 14 нафари дигар бинобар сабаби сироятёбӣ аз коронавирус дар давоми 24 соат ба қайд гирифта шудааст, ки шумораи умумии қурбониёни COVID-19 дар пойтахти ин кишвар аз 113 ба 127 нафар расидааст.

Инчунин, гуфта шудааст, ки фавтидагон аз 29 то 88-сола будаанд. Аксарияти беморон маризиҳои дигар ҳам доштанд, аз ҷумла гипертония, кардиосклероз, аневризмаи атеросклеротикӣ ва панҷ сироятёфта бемории диабети қанд низ доштаанд.

Дар маҷмӯъ, аз аввали эпидемия, дар Маскав зиёда аз 16 ҳазор ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here