Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ба мақомоти дахлдор дастур додааст, ки барои боз кардани масҷидҳо аз моҳи оянда омодагӣ гиранд.

Бино ба иттилои “Спутник Тоҷикистон”, Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Шӯрои уламои Тоҷикистон дастур додааст, ки тамоми омодагиҳоро барои боз кардани масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъро рӯи даст гиранд.

“Агар як вазъи дигари хос пеш наояд, омодагиҳо барои боз кардани масҷидҳо аз 1-уми феврали соли равон бояд гирифта шаванд”, — гуфтааст манбаъ.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон қариб ду ҳафта ба ин сӯ хабар медиҳад, ки ягон мавриди гирифторӣ ба коронавирус дар кишвар расман сабт нашуда, ягон нафар ҳам дар бемористонҳо бо ин ташхис бистарӣ нест ва шояд ин вазъ роҳро барои кушодани дари масҷидҳо боз кардааст.

Дар ҳамин ҳол,  боз шудани масҷиди калони ҷомеъ, ки дар маркази пойтахт бо маблағгузории давлати Қатар бунёд шуда буд, маълум нест.

Масоҷид дар Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2020 ба далели пешгирӣ аз гирифторӣ ба коронавирус баста шуд ва 20-уми март баъди поккориҳо дарҳои худро боз кард, аммо моҳе пур нашуда, 18-уми апрел Шӯрои уламои Тоҷикистон дастури дигарбора баста шудани онҳоро эълон кард, ки баъдан дар моҳи мубораки Рамазон ва иди Қурбон ин ҳолат боқӣ монд ва намозҳои идайн баргузор нагардиданд.

Дар ин муддати ҳамагир шудани коронавирус тамоми масоҷид дар олами ислом, ҳатто масҷиди Ҳаром, масҷиди Набавӣ ва масҷиди Ақсо баста буданд.

Меҳрофарин Наҷибӣ,

«Фараж»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here