Дар шаҳру деҳоти Панҷакент соли 2018-ум 22 масҷид баста шуда, фаъолияташон ба дигар самт гардонида шудааст. Дар ин бора мудири бахши тазними анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Панҷакент Саидҷон Шодиев хабар дод.

Аз ин шумора, 4 масҷид ба утоқи кории раисони маҳалла, 4 маҷсид ба чойхона, бунгоҳҳои тиббӣ, 1 масҷид ба хонаи саломатӣ ва дигар самтҳо табдил дода шудаанд.

Ба андешаи Саидҷон Шодиев, ҳамчунин 1 масҷид ба як оилаи бесарпаноҳ ва камбизоат ҳамчун  хонаи истиқоматӣ дода шуд, ки айни замон ин оила дар он ҷо истиқомат ва соҳиби сарпаноҳ шудаанд.

Дар соли сипаригардида, аз тарафи бахши тазними анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Панҷакент, 15 ҳолати қонуншиканиҳо дар самти гузаронидани маърака ва 21 ҳолати вайрон кардани қоидаҳо дар дин ошкор ва нисбати вайронкунандагони қонун парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here