Соҳиби хушбахти Hyundai Accent сокини деҳаи Нилуи ноҳияи Ҳисор  Назаров Зиёвиддин Сироҷевич бо ID рақами бурд – 1027302 гардид.

Зиёвиддин Назаров дар деҳаи Нилуи Ҳисор ба ҳайси омӯзгор кор мекунад. Бо қабули маблағи интиқол аз Федератсияи Русия, ки писараш ба ӯ фиристода буд, иштирокчии иқдоми “Ҳамкадами Замон” аз Бонки “Эсхата” шуд.

Ӯ мегӯяд:

«Ман аллакай 4 сол боз бо Бонки” Эсхата” ҳамкорӣ мекунам. Писари ман дар яке аз шаҳрҳои Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Моҳе як маротиба, ӯ ба ман маблағро ба корти Бонки Эсхата мефиристад.

Ман худам омузгори одӣ ҳастам. Кайҳо орзу мекардам, ки мошин бихарам, аммо бо маоши омӯзгорӣ он ғайриимкон буд.  Бонки Эсхата орзуи деринаи маро амалӣ кард. Ғалаба хеле ғайричашмдошт буд, ман ҳатто фикр намекардам, ки мошин бурда метавонам! Ман мехоҳам ба Бонки Эсхата миннатдории худро баён намоям. Ба онҳо муваффақият орзу мекунам. Бигзор шумораи мизоҷони онҳо ба 100 миллион бирасад! ”

Калидҳои мошин ба ғолиби даври ниҳоии иқдоми “Ҳамқадами замон” дар назди бинои филиали ҶСК «Бонки Эсхата» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Инчунин, ба 10 нафар ғолибони даври чоруми аксия аз шаҳру ноҳияҳои гуногун сертификатҳо барои гирифтани бурд ба миқдори 10 000 сомонӣ тақдим гардид.

Хотиррасон мекунем, ки иқдоми «Ҳамқадами замон» баҳри баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар равона шуда буд. Барои иштирокчии иқдом шудан, интиқоли пулиро бо асъори рубл дар ҳаҷми на камтар аз 5000 рубл ба корт, ҳамёни мобилӣ ё суратҳисоби бонкӣ гирифтан лозим буд.

Тибқи шартҳои иқдом, ба гирандаи интиқоли пулӣ рақами ID пешниҳод гардид, ки дар бурди тӯҳфаҳои арзишнок иштирок кардааст. Ғолибон ба таври тасодуфӣ интихоб карда шуданд.

Бори дигар Зиёвиддин Назаров ва ҳамаи ғолибони иқдоми «Ҳамқадами замон»- ро бо бурд табрику муборакбод менамоем. Ба боқимонда иштирокчиёни иқдом барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, онҳоро даъват менамоем, ки дар аксияҳои нав ва дигар пешниҳодҳои ҷолиби бонк иштирок намоянд! http://eskhata.com/about/news/5294/

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here