Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддан Муҳриддин, Қирғизистон Чингиз Айдарбеков, Қазоқистон Мухтар Тлеубердӣ, Туркманистон Рашид Мередов ва Ӯзбекистон Абдулазиз Камилов дар шаҳри Тошканд бо ҳам мулоқот карданд. Онҳо масъалаҳои ҳамкории минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин дар ин мулоқот вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ раванди корҳои тайёрӣ ба мулоқоти дуюми машваратии сарони ин панҷ кишварро муҳокима намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон иттилоъ дод. Бино ба иттилои ин манбаъ мулоқоти машваратии раисони ҷумҳури Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон 29 ноябри соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, бар пояи муносибатҳои неку ҳасанаи сарони панҷ кишвар ва иродаи мустаҳками онҳо дар Осиёи Марказӣ фазои мӯътадили сиёсӣ барқарор гардид. Гузашта аз ин, байни мамлакатҳои ҳамҷавори минтақа робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба ба роҳ мондаву беш аз пеш тавсеа меёбанд.
Беҳбуди ҳамкориҳо дар бахши коммуникатсияҳои нақлиётӣ, аз ҷумла роҳандозии хати сайри ҳаракати автобусҳо ва афзоиш додани хати сайр дар масирҳои гуногун баёнгари он мебошад, ки дар ин соҳа низ пешрафтҳои зиёд ба даст меоянд. Ривоҷи робитаҳои тиҷоратӣ дар баробари афзоиш ёфтани табодули моли байни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ робитаҳо дар ирн ҷодаро хеле пурзӯр менамояд ва он ба манфиатҳои ин кишварҳо хидмат мекунад.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон мегӯяд, ки дар баробари баррасии ин масъалаҳо лоиҳаи санади ҷамъбастии ин мулоқот низ мавриди гуфтугӯи вазирони хориҷа қарор гирифт.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд