Хабарҳои паҳншуда дар бораи кушода шудани сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон дар марзи Панҷакенту Самарқанд асоси воқеӣ надоранд. Дар ин бора АИ «АП» дар такя бар манбаи худ аз ҳукумати ҶТ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, гурӯҳи кории ҳукумати ду кишвар дар ҳоли ҳозир сари ин масъала андеша мекунанд.

Сокинони Панҷакент хабар додаанд, ки ҳоло сарҳад пурра баста буда, дар он ҷо – дар марзи ҳарду кишвар корҳои сохтмони терминали марзӣ, таваққуфгоҳи мошинҳо ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ идома доранд.

Гуфта мешавад, ки Ӯзбекистон ҷониби Тоҷикистонро аз 1-уми ноябри соли 2010 дар бораи баста шудани нуқтаи марзие, ки Саразми Тоҷикистонро бо Ҷартеппаи Самарқанд пайваст мекунад, хабардор кардааст. Дар ҳушдоре, ки ба ҷониби Тоҷикистон фиристода шудааст, қайд гардидааст, ки дар ин нуқтаи марзӣ убури шаҳрвандон ва ҳамли молу коло манъ шудааст. Он замон ҷониби Ӯзбекистон далели баста шудани сарҳадро шарҳ надода буд.

Айни замон дар сарҳади Тоҷикистон бо Ӯзбекситон ду нуқтаи марзӣ шабонарӯзӣ фаъолият доранд, ки инҳо дар марзи шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Сариосиё, ноҳияи Масчоҳ ва Ойбек ҷойгиранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here