Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон наздикони духтараки дар паноҳгоҳи кӯдакони Бағдоди Ироқ ёфтшударо ҷустуҷӯ дорад. Ин духтарак Марям ном дошта, ба гуфтаи худаш, баъди бомбборон шудани манзили зисташон падару модар ва бародарону хоҳаронашро аз даст додааст.
Гуфта мешавад, ки Марям дар хориҷ аз Тоҷикистон бузург шудааст ва шояд наздиконаш ӯро нашиносанд. «Ман дар Миср ба дунё омадаам. Ду хоҳар ва додарам низ дар ҳамон ҷо таваллуд шудаанд. Дар ин ҷо боз як додару як хоҳарам чашм кушодаанд. Ба хонаи мо мушак андохтанд, онҳо ва волидонам кушта шуданд», — нақл кардааст Марям.
Канали телевизионии Русия «RT», ки аз як паногоҳи кӯдакони Бағдод гузориш дод, маълум кард, дар ин паногоҳ аз Русия ва кишварҳои ИДМ кӯдакон ҳастанд. Ин кӯдаконеанд, ки бо волидони дар зери таьсири гурӯҳҳои террористӣ қарор гирифтаашон ба Ироқ сафар кардаанд, ё аллакай баъди ба ДИИШ пайвастани волидон ба дунё омадаанд. Дар байни ин кӯдакон духтараке бо номи Марям буд, ки эҳтимолан шаҳрванди Тоҷикистон гуфта мешуд.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ, духтарак бо хамроҳи падару модараш ба Миср, баъд аз он ба Ироқ рафтааст. Ба гуфтаи духтарак волидон, бародарону хоҳаронаш кушта шудаанд.
Намояндаи Вазорати корҳои дохила аз ҳама хоҳиш кардааст, ки агар дар бораи ин духтарак маълумот доранд, ё ӯро мешиносанд, бо рақамҳои телефони фаъоли 221 21 21, ё мобилии 1919 дар тамос шаванд.
Журналистони Русия аз пайдо шудани боз се кӯдаки дигар дар паноҳгоҳи кӯдакони Ироқ хабар доданд, ки шояд волидонашон аз Тоҷикистон бошанд, аммо ВКД ҶТ алҳол фақат дар бораи Марям эълон додааст.
АИ «АП» менависад, ки мувофиқи маълумоти СММ, айни ҳол дар ҳудуди Сурия, Ироқ ва дигар нуқтаҳои доғ 234 оилаи тоҷик ҳузур доранд, ки аз 824 нафар иборатанд. Дар байни онҳо 309 мард, 279 зан, 110 духтар ва 142 писар будаанд. Мувофиқи ҳамин маълумот ба ҳукумати Тоҷикистон муяссар шудааст, ки дар ду соли охир, аз соли 2015 то майи 2017, 19 оила, ё 61 нафарро аз нуқтаҳои доғ берун кашад. Дар байни онҳо 21 духтару 20 писар будаанд.