Дар арафаи таҷлили рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳи масдуди байни Сӯх — Риштони вилояти Фарғона боз гардид. Маросими кушодани он дар фазои хеле мутантан сурат гирифт. Дар он сарварони вилоятҳои Фарғонаи Ӯзбекистон ва Боткенти Қирғизистон ширкат карданд. 

Ҳамчунин, ин маросим аз намояндагони дастгоҳҳои ҳокимиятҳои ноҳиявии наздимарзии ду вилоят, сокинони минтақаҳои марзӣ низ лабрез буд. Садои карнаю сурнай ба чаҳор тараф паҳн гардид ва боз аз як ҳодисаи хушҳолкунанда дарак медод, аммо…

Маросими мутантан баргузор гардид, вале касе натавонист, ки тавассути постгоҳҳои ду самти марзи Қирғизистон ба шаҳри Риштон ворид шавад. Чанд нафар сокини ноҳияи Сӯх хостаанд, ки барои наздик шудани роҳ аз тариқи Риштон худро ба Сӯх расонанд, аммо марзбонони қирғиз гуфтаанд, ки компютери онҳо ҳанӯз барои истифода ва хондани шиносномаҳо дуруст корбаст нашудааст ва ҳоло дар тармим қарор дорад. Ин хабарро мақомоти марзбонии Қирғизистон низ тасдиқ карданд. Ба гуфтаи ин мақомот ба таври фаврӣ компютерҳоро тармим мекунанд ва равуои мардуми Сӯх аз тариқи роҳи Риштон оғоз меёбад.

Роҳи Сӯх — Риштон ба масири 40 километр тӯл кашида, равуокунандагон ҳудуди хоҷагии Бургандӣ ва чанд деҳи хурду резаи кишвари ҳамҷавори Қирғизистонро убур мекунанд. Ин роҳ аз соли 2013 ба ин сӯ барои мардуми Сӯх баста буд ва он мушкилоти равуои ин мардуми тоҷиктаборро ба бумбасти ҷиддӣ мувоҷеҳ мекард.

Гуфта мешавад, масъалаи боз шудани роҳи Сӯх — Риштон ҳаллу фасл шудааст ва дар зудтарин фурсат ин роҳ боз хоҳад шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, вилояти Фарғона, Ӯзбекистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here