Директори Маркази миллии тестӣ Хуршед Икромӣ мегӯяд, шумораи довталабоне, ки бо камбуди ҳуҷҷатҳои худ аз имтиёз маҳрум шудаанд, хеле кам ба назар мерасад. “Имтиёзҳо фақат ба довталабоне, ки онҳо ятими кулл бошанд, маъюби гурӯҳи 1-2 ҳастанду  ба синни 18 нарасидаанд, нафароне, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмат кардаанд, инчунин онҳое, ки соҳиби дастовард шудаанд, дода мешавад”,- ин нуқтаро директори марказ зимни нишасти матбуоти ба хабарнигорон иброз намуд.

Бино ба иттилои директори Маркази миллии тестии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи довталабони маъюб дар соли ҷорӣ ба 377 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 18 нафарро маъюбони гурӯҳи 1, 180 нафарро маъюбони гурӯҳи 2 ташкил медиҳанд, ки холҳои имтиёзии довталабони маъюб 50 холлро ташкил медиҳад. Инчунин, кори хаттӣ дар гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм ворид шуда, дастӣ санҷида мешавад, ин ба довталаб имкон медиҳад, ки соҳиби 50 холи изофагӣ гардад.

Шумораи умумии довталабон дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум 16671 нафар, гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм 17472 нафар, гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм 17017 нафар, гурӯҳи ихтисосҳои  4-ум 9996 нафар, гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум 34661 нафарро ташкил медиҳанд.

Аз шумораи умумии довталабони бақайдгирифта 54275 нафарашон писарон ва 41542 нафарашон духтарон мебошанд, ки нисбат ба соли гузашта шумораи духтарони аз қайдгузашта дар ИМД-2018 нисбат ба ин нишондиҳанда ИМА-2017 1,13 фоиз камтар ва нисбат ба ин нишондиҳанда ИМД-2016 1,08 фоиз бештар аст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки 47 марказҳои имтиҳонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷумла, Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент,Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ ба нақша гирифта шудааст. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе 16, ноҳияи Рашт 1, вилояти Суғд 11, Вилояти Хатлон 18 ва вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 маркази имтиҳонӣ ташкил карда шуд. Лозим ба зикр аст, ки дар ноҳияи Кӯшониён имсол бори аввал маркази имтиҳонӣ ташкил карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here