Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр аз журналистон хоҳиш кард, барои танзими ҳаракати нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе бо вазорат ҳамкорӣ кунанд.

Вазир дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, рӯзноманигорон мошинҳоеро, ки истгоҳҳоро банд карда, барои ба мусофирон хизмат расонидани нақлиёти ҷамъиятӣ монеа эҷод мекунанд, аксбардорӣ карда, ба суроғаи электронии вазорат фиристанд. “Мо бо ёрии мақомот ному насаби ронандагонро муайян карда, бо аксҳои мошинҳояшон дар рӯзномаи соҳавии “Нақлиёт” нашр мекунем ва нисбаташон чора меандешем”, – гуфт вазир.

Ин аксҳо нимаи аввали имрӯз, 10-уми феврал, дар кӯчаи Бухорои маркази шаҳри Душанбе, аз “Истгоҳи шабакаҳои телефонии шаҳрӣ” гирифта шуданд. Тавре ба мушоҳида расид, соҳибони мошинҳои шахсӣ хати аввали роҳ ва ҳатто истгоҳро ба таваққуфгоҳ табдил додаанд ва нақлиёти ҷамъиятии хатсайр маҷбуранд дар қатори дуюм истода, мусофир фуроранду савор кунанд. Ҳайратовараш он аст, ки ҳар лаҳза аз ин кӯча мошинҳои БДА мегузаранду чунин ҳолатро мебинанд, вале аҳамият намедиҳанд. Поёнтар, дар тарафи муқобили роҳ, нозири БДА пушти мошинҳои таваққуфкарда пинҳон таваҷҷуҳаш пурра ба чароғаки роҳ банд аст, то гузаштани мошине аққалан дар ранги сурх иттифоқ афтаду “протокол”-аш кунад.

Добавить комментарий