Ширкати Tcell лоиҳаи тавсеаи шабакаи фурӯши чаканаро дар пойтахт ва саросари кишвар ҳамчунон идома медиҳад. Тайи чанд рӯзи ахир дар Душанбе се маркази нави хизматрасонӣ дари худро ба рӯи сокинон ва меҳмонони пойтахт боз карданд.   

Марказҳои нави хизматрасонии Tcell дар Душанбе дар нишонаҳои зер воқеъ гардидаанд:

  • Идораи «Фаровон» — кӯчаи Ҷ.Расулов 10/1 (бозори «Фаровон»).
  • Дафтари «Маҳаллаи 103» — кӯчаи Б.Ғафуров, 44
  • Маркази хизматрасонии «Ашан» — кӯчаи Дӯстии халқҳо, 47 (МС Душанбе Мол)

Ҳар рӯз талаботи муштариён бештару бештар мешавад: онҳо мехоҳанд ҳамеша бо пайвандон дар иртибот бошанд, аз навгониҳо дар фурсати аввал огоҳ шаванд, маълумот ба даст оваранд, дар вақти зарурат дар паҳлӯи наздикон бошанд, филму наворҳои бузургҳаҷмро боргирӣ ва ё мустақиман тамошо намоянд. Барои ин  қабл аз ҳама зарур аст, ки вобаста ба имконоту талабот намуди алоқаро интихоб намоед: ё бастаҳои Интернетӣ ва ё бастаи зангҳои телефонӣ.

Дар ҳар яке аз дафтарҳои Tcell муштариён метавонанд вобаста ба алоқаи мобилӣ, тарофаҳо ва намудҳои хизматрасонӣ машварат бигиранд. Дар ин ҷо мутахассисони ҳирфаӣ мушкилоти техникии рухдодаро бартараф менамоянд, иртиботи гусастаро барқарор месозанд. Ҳамчунин, муштариён имкон доранд SIM-корташонро ба қайд бигиранд ва ё тарофаҳои навро барои худ интихоб намоянд, бо тарзи кори барнома-замимаҳои Тcell, аз ҷумла “ТезСум”  ва “Чӣ Гап” шинос шаванду онҳоро боргирӣ намоянд.

Дар марказҳои ҷадиди хизматрасонии ширкати Tcell кормандони ҳирфаии баландихтисос, ки давраи бозомӯзиро гузаштаанд, фаъолият менамоянд. Муштариён метавонанд дар марказҳои мазкур ба ҳама пурсиши худ посух бигиранд, мушкилоти техникии иртиботашонро рафъ созанд

Тайи муддати кӯтоҳ марказҳои нави хизматрасонии ширкат миёни муштариён маъруфият касб карданд: ин дафтарҳо дар ҷойҳои барои муштариён қулай, назди бозору фурӯшгоҳҳо ва серодами шаҳр бунёд шудаанд. Муштариён ба ин васила дар ҷустуҷӯи марказҳои хизматрасонӣ вақти худро зиёд сарф намекунанд. Ва боз- ин марокиз дар реҷаи барои муштариён қулай фаъолият менамоянд. Маркази хизматрасонии «Фаровон» — аз 07:30 то 18:00, дафтари маҳаллаи 103 – аз 08:00 то 19:00 ва идораи МС Душанбе Мол – аз соати 09:00 то 22:00.

Сабки тоза ва графикаи ранга ба ҷавонтарин муштариёни Tcell, ки интизориву суръат ва дарку эътимодашон ба трендҳои байналмилалӣ аст, барои ширкати Tcell ҷиҳати рушди оянда бетаъсир намонд ва дафтарҳои ширкат низ ба ин стандарт мутобиқ гардонида шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here