Наздикони раиси марҳуми филиали «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Шаҳринав Зоирҷон Қурбонзода бар асари нӯшидани сирко даст ба худкушӣ задани ӯро рад мекунанд.

Онҳо дар суҳбат ба “Фараж” гуфтанд, ки марҳум аз бемории илтиҳоби дутарафаи шуш азият мекашид ва тайи як ҳафтаи ахир дар бемористони ноҳияи Шаҳринав бистарӣ буд. Ба қавли наздикон, марҳум Зоирҷон Қурбонзода ду моҳ қабл ба бемории коронавирус гирифтор шуда будааст. “Ин беморӣ баъдан ба шушҳояш таъсир гузошт”, — гуфтанд онҳо.

Ҷанозаи марҳум Зоирҷон Қурбонзодаро нимаи аввали имрӯз, 11- уми август, дар оромгоҳи марказии ноҳияи Шаҳринав ба хок супурданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here