Сухангӯи дафтари матбуоти шаҳри Исфара Иқбол Тешаев субҳи имрӯз дар 51-солагӣ аз дунё даргузашт.

Гуфта мешавад, ки вақтҳои охир Тешаев аз бемории ҷигар ранҷ мебурд ва як рӯзи охир дар шӯъбаи эҳёи шифохонаи марказии шаҳри Исфарл бистарӣ будааст.

Маросими видоъ бо марҳум соати 16:00 дар Ворух баргузор мешавад.

Иқбол Тешаев аз сухангӯйҳои фаъоли мақомоти маҳаллӣ буд, ки номаш дар матбуоти даврӣ ҳамарӯза дар робита ба шарҳи ин ё он қазия, махсусан дар масоили марзӣ, зикр мешуд.

Марҳум 51 сол умр дошта, дар шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Хатмкардаи бахши журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз рӯзноманигорони фаъол дар матбуоти даврӣ буд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, кормандони нашрияҳои «Фараж», «Самак» ва Оҷонсии иттилоотии «Суғднюс» аз марги нобаҳангоми ҳампешаи худ андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум изҳори таслият арз мекунанд. Худованд он сафаркардаро биёмурзад ва ба наздиконаш шикебоӣ ато кунод!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here