Бахшида ба 61-солагии сарояндаи хушовоз, Ҳунарманди шоистаи ҶТ Олим Бобоев дар шаҳри Панҷакент рӯнамоии филми “Марги ғурур” бахшида ба ҳаёту эҷодиёт ва фаъолияти ин сарояндаи камназир доир гардид.

Филми мазкур аз ҷониби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон омода гардида, дар он андешаҳои ҳунармандону овозхонони машҳур, коршиносон, пайвандону ақориби Олим Бобоев ва мусоҳибаҳои нодири ӯ гирда оварда шудаанд.

Дар охири чорабинӣ, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода ба Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон барои таҳияи чунин як филм дар бораи овозхони шинохта ва таваҷҷӯҳ ба Олим Бобоев изҳори сипос кард.

Роҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Хуршеди Атовулло барои ҳамкории судманд бо васоити ахбори омма ба раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода аз номи раиси иттифоқи журналистии Тоҷикистон медали 100-солагии матбуотро тақдим кард.

Олим Бобоев 18-уми марти соли 1958 дар шаҳри Панҷакент, дар оилаи ҳунарманд Искандар Бобоев, ки бо тахаллуси  Искандари Танбӯрӣ машҳур буд, ба дунё омадааст. Падари Олим низ яке аз сарояндагон ва устоди машҳури «Шашмақом» буд.

Олим Бобоев дар чандин фестивалу озмунҳои хориҷӣ низ иштирок карда мусиқии Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст. Дорандаи унвони «Ҳунарпешаи шоистаи ҶТ», «Аълочии фарҳанг», гирандаи ҷоизаи фестивали «Зарбҳои шарқ» (Австрия соли 1988), Таронаҳои халқҳои ҷахон (Тунис 1991), фестивали мусиқии шарқ (Фаронса 1999), дорандаи ҷоизаи байналмилалии «Таронаҳои шарқ» (Ӯзбакистон  1998), Иштирокчии «ЭКСПО Олмон-2000» ва ғайраҳо мебошад.

Хуршед Фозилов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here