14-уми октябри соли равон дар маркази “Ҷавонон”-и ба номи Лоиқ Шералии  шаҳри  Хуҷанд филми мустанади “Марги ғурур”, ки аз  тарафи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон омода шудааст, бахшида ба 5500-солагии шаҳри Саразми бостон намоиш дода мешавад.

Маврид ба ёдоварист, ки филми мазкур ба зиндагӣ ва фаъолияти булбули Шашмақом, сарояндаи «Ушшоқи Саразм» Олим Бобоев бахшида шудааст. Даромад ройгон буда, дӯстдорони Шашмақомро ба тамошо даъват мекунем!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here