Ин ҳодисаи роҳ дар шаҳри Бохтар дар натиҷаи ба ҳам бархӯрдани як сабукрав ва мошини боркаш рух додааст, ки боиси захмӣ шудани ду нафар ва ба ҳалокат расидани ду каси дигар шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Рӯзи 8-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 23:20, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс С-240», Тошев Парвиз Ҷамшедович, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳангоми аз шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат кардан, дар назди меҳмонхонаи «Бохтариён»-и шаҳри Бохтар аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «Хино», ки бо он шаҳрванд Абдулмуҳиди Абдухалил, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Гурезов Меҳроҷ Музафарович, соли таваллудаш 1993 ва Гурезов Афзалшо Музафарович, соли таваллудаш 1997, сокинони ҷамоати деҳоти Ифтихори шаҳри мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари автомашинаи мазкур Қосимов Қурбонали Эмомович, соли таваллудаш 1989, сокини ҳамон ҷо ва худи ронанда Тошев П.Д. ба саломатиашон ҷароҳатҳои вазинини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here