Як ҷавони далеру ғаюр нисбат ба ҷинояткорӣ бетараф набуданашро нишон дода, бо ивази ҷони худ пеши роҳи дуздии авбошеро гирифтааст, ки ин амали ӯ намунаи олии мардонагӣ ва ҷасорат арзёбӣ шуд.

22-юми сентябри соли 2019, тахминан соатҳои 19:20, ҷавони 20-25-солаи шахсияташ номаълум аз дасти сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе Тугеев Артур Михайлович, соли таваллудаш 1995, телефони мобилиашро рабудааст. Ҳодиса дар  назди бинои истиқоматии ҷабрдида рух додааст. Ҷавони дузд баъди бо зурӣ ба даст овардани телефони мобилии тамғаи «Редми-нот-7» арзишаш 1800-сомонӣ, аз ҷойи ҳодиса ба самти бозори «Деҳқон», кӯчаи Гипрозем, гурехтааст.

А.М. Тугеев аз паси шахси ҷинояткор дунболагирӣ кардааст. Дар роҳ ба ӯ шаҳрванд Наимов Мустафо Ҳайдарович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамроҳ шуда, дуздро дунболагирӣ кардааст. Наимов дар наздикии бозори «Деҳқон» ҷинояткорро зада аз пой афтондааст, аммо дуюмӣ бо олоти бурандаю халанда ба бадани Наимов Мустафо зада, ӯро захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, Мустафо Наимов бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки барои муайян ва дастгир кардани шахси ҷинояткор тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда, тафтишот идома дорад.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, барои зоҳир кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, нишон додани корнамоию мардонагӣ ва шуҷоату далерӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ Наимов Мустафо Ҳайдаровичро пас аз марг бо медали «Барои далерӣ» қадрдонӣ кардаааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here