12-уми сентябр дар Маскав ҷасади зани ҷавоне пайдо шудааст, ки дар танаш ҷароҳатҳо дида мешуд. Зан аз ин ҷароҳатҳо дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.

Шабакаи “360” хабар дод, ки зани дар ноҳияи Люблино кушташуда қурбонии рашк шудааст. Ба иттилои ин манбаъ мард ба тани ҳамсари 23-солаи худ бо корд зиёда аз 10 зарба задааст. Дар иттилои аввал гуфта мешуд, ки ин ҷуфти ҳамсар аз Қирғизистон ба Русия омадаанд, аммо баъдтар ВАО хабар доданд, ки зану шавҳар зодагони Тоҷикистонанд. Наздикони зани фавтида тасдиқ кардаанд, ки ӯ ва ҳамсари қотилаш шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Аз сафорати Қирғизистон дар Русия гуфтаанд, ки ин ҷуфт тариқи Қирғизистон ба Маскав омадаанд. Исми зан ва шавҳари ба куштор гумонбараш эълон нашудааст.

Лаҳзаи куштор дар дурбинҳои мадорбаста сабт шудаанд. Наворҳо аз ин сабт дар HUE нашр шудаанд. Ин куштор дар шоҳидии роҳгузарон, ки қасди пешгирӣ кардани онро надоштаанд, ба амал омадааст. Қотил, ҳамсари хунолудашро гузошта, аз макони қатл фирор кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here