Дар ҷашнвораи мусиқии Route 91 Harvest, дар Лас-Вегаси ИМА ношиносе тирпарронӣ кард, ки дар натиҷа зиёда аз 50 тан кушта ва тақрибан 200 нафар захмӣ шудаанд.

Ҳамлагар дар натиҷаи амалиёти махсус нобуд карда шудааст. Тибқи иттилои расонаҳо, ин ҳодиса дар наздикии қиморхона ба вуқӯъ пайвастааст. Марди мусаллаҳ аз ошёни 32-юми меҳмонхонаи Mandalay Bay ба нафарони дар ҷашнвора буда тирпарронӣ кардааст.  Ба иттилои полис, ӯ худ танҳо амал мекард ва шарике надошт.  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here