Сокини 58-солаи Андиҷон Музаффар Умрзақов ҳангоми пахтачинӣ ҷони худро аз даст додааст. Ӯ ба ҷойи ҳамсараш, ки фарроши мактаб аст, ба пахтачинӣ рафта буд. Ба гуфтаи шоҳидон, мард вақте пахтаҳои ҷамъовардаашро ба хирман мебурд, аз сактаи қалбӣ вафот кардааст. Ҳодисаи мазкур санаи 16 сентябр ба амал омадааст.
«Дар саҳро вазъи ӯ бад шуда, ба замин афтод. Табибон гуфтанд, ки аз сактаи қалбӣ фавтидааст. Музаффар-ака пештар аз ин як маротиба сактаи қалбӣ шуда буд”, — гуфтааст як шоҳид аз Андиҷон бо номи Ҳаётулло.
Тибқи гуфтаи масъули Раёсати маорифи халқии вилояти Андиҷон, соли ҷорӣ танҳо кормандони техникии мактабҳо ба пахтачинӣ фиристода шудаанд. “Зане, ки ҳамсараш дар саҳро вафот кард, корманди техникии мактаб аст. Ӯ аз мудир хоҳиш кардааст, ки шавҳараш пахтачинӣ равад. Дар натиҷа ин ҳодиса рух дод”, — гуфтааст масъули раёсати маориф.